Рӯзҳои 18-19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси ҳарсолаи ҷомеаи шаҳрвандии байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба озодии расонаҳо семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон зери муҳокима қарор гирифт.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар кори конфронси-семинари мазкур беш аз 60 нафар намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии тоҷик фаъол дар соҳаи ҳуқуқи инсон, намояндагони расонаҳо, коршиносони Аврупо ва минтақа, намояндагони давлат ва ҷомеаи байналмилалӣ ширкат варзиданд. Муҳокимаҳо ҷанбаҳои гуногун, хусусан, вазъи умумии озодии расонаҳо, дастрасӣ ба иттилоот, мафҳуми амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон, рузноманигории масъулиятнок ва одоби касбӣ, гузариш ба пахши рақамиро дар бар гирифтанд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро қабул карданд, ки онҳо ба тавсеаи озодии расонаҳо дар ин кишвар мусоидат мекунанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимни ҷаласаи навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар соли 2015 баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста