Намояндагони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон ахиран маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлаташон гузаштаро маҳв карданд.

Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Қараев, сардори шуъбаи назорати фаъолияти фармасевтии Раёсати мазкур , солҳои охир муассисаҳои дорусозӣ масъулиятшинос шудаанд, зеро сатҳи маърифатнокии мардум низ боло рафтаасту ҳангоми хариди маводи доруворӣ ба муҳлати истифодаи он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Вай дар оғози чорабинии нобудсозии маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ иброз дошт , ки ин навбат 79 ҳазору 486 адад маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлаташон гузашта ба маблағи 303 ҳазору 813 сомонӣ маҳв карда мешавад.
Безарарсозии маводи доруворӣ ва ороишӣ мувофиқи нақшаи Раёсат дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ин амали ҷамъбастии соли ҷорист.

Ба қавли ӯ, дар соли равон ба Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилоят ҳамагӣ 4 муроҷиат шудааст, ки аз ин ду муроҷиаташ дар бораи шубҳа доштан ба сифати доруворӣ будааст. Баъд аз санҷиши муроҷиати шаҳрвандон ва аз ташхис гузаронидани дорувории пешниҳодкардаи муроҷиаткунандагон маълум шуд, ки маводи шубҳаи шаҳрвандонро барангехта дорои сертификати мутобиқат буда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Нобудсозии маводи доруворӣ дар партовгоҳи шаҳри Сарбанд, дар ҳузури комиссияи махсусе, ки аз тарафи раёсат таъсис дода шуда, ба он намояндагони якчанд ниҳод ва соҳибкорон шомил буданд, сурат пазируфт.
« Мо намехоҳем, обрӯйи ширкатҳоямон дар бозори фармасевтӣ коҳиш ёбад. Баъдан, нозирони Раёсат ҳамеша дорухонаю муассисаҳои фармасевтиро назорат карда, дар сурати ошкор ва дарёфти маводи дорувории муҳлаташ гузашта, моро ҷаримабандӣ мекунанд. Сатҳи маърифатнокии мардум низ хеле боло рафтааст ва ҳангоми хариди маводи доруворӣ ба муҳлати истифодааш аҳамият медиҳанд », - афзуд соҳибкор .
Тибқи омори Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон, тайи се соли охир дар маҷмӯъ 247 ҳазору 733 адад маводи дорувории муҳлаташ гузашта ба маблағи умумии 1 миллиону 127 ҳазору 279 сомонӣ нобуд карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста