Анонс

- Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба муносибати сафари расмии қарибулвуқӯъи президенти Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон брифинг доир мегардад. Оғоз соати 11-00;

- Нимаи дуюми рӯз президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;

- Дар «Кохи Ҷомӣ» ба муносибати ифтитоҳи аксияи «16 рӯз алайҳи зӯроварии гендерӣ» бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик – гурӯҳи «Авесто», «Шамс», Аброр Назаров ва дигарон консерти идона доир мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ ҳамзамон намоишгоҳи аксҳо бахшида ба ҳаёти занони тоҷик низ баргузор мешавад. Оғоз соати 14-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0743 сомонӣ;

1 евро - 6.2974 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.112 2 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон.

1925 – Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) дар бораи табдили ташкилоти ҳизбии вилоятии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ба ҲК Тоҷикистон қарор қабул кард.

1947 – Ифтитоҳи Анҷумани II-юми нависандагони Тоҷикистон.

1974 — Ҳаракати қатораҳо тариқи роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз – Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

2008 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи госпитали ҳарбӣ барои хизматчиёни низомии Гвардияи миллӣ иштирок кард.

1887-1943 – Зодрӯзи генетики рус, ботаник ва ҷуғрофишинос, муҳаққиқи Тоҷикистон Николай Вавилов.

1934-1984 – Мавлуди оҳангсоз Достӣ Орзуев.

1938-2007 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

1942 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Шамсиев.

1949 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исмонҷон Юсуфов.

1956 – Мавлуди доктори улуми филология Нуриддин Саидов.

1957 – Зодрӯзи рӯзноманигор Сайвалӣ Азизов.

1960 – Мавлуди фарҳангшинос Баҳринисо Қобилова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.        

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.