Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон изҳор намуд, ки рӯзи 18-уми ноябр ҳангоми кӯчонидани хонаи кӯҳнаи худ боқимондаи устухонҳои динозаврро пайдо кардааст.
Ин сокини ноҳияи Қубодиён Ҷӯрабек Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки боқимондаҳои устухонҳо ба ҷасади динозаври андозааш начандон бузург шабоҳат доранд. «Дарозии устухонҳон ҷасади дарёфтаи мо ҳудуди 60 сантиметрро ташкил дода, худи динозавр шояд як метр дарозӣ доштааст», - гуфт ҳамсуҳбат.
Ба қавли вай, боқимондаҳои ҷасад дар хонаи ӯ қарор дошта, ин боқимондаҳои ҷасади динозавр буданаш хулосаи шахсии ӯст ва алҳол ҳеҷ мақомоти дахлдор ба ин маълумот вокунише нишон надода, боқимондаҳоро ҳам касе ташхис накардааст.
Сардори шуъбаи ҳифзи мероси фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар вазорат ҳанӯз аз ин «бозёфт» огаҳии дақиқ надоранд.
«Ба Вазорати фарҳанг алҳол дар ин бора касе хабар надодааст ва ҳоло маълум ҳам нест, ки оё он боқимондаи ҷасади динозавр аст ё чизи дигар. Ба мо дар бораи дарёфти боқимондаҳои ҷасади динозавр маълумоти зиёд мерасад, вале баъди ташхис маълум мегардад, ки онҳо ба оилаи динозаврҳо ҳеҷ муносибате надоранд», - гуфт Азизов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста