Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Низом Қосим бо аризаи даъвогӣ нисбат ба Шоираи халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданист.
Низом Қосим ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки ӯ шоираро дар туҳмат нисбати аъзои Кумитаи тақдими ҷойизаҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши адабиёт гунаҳкор медонад.
«Ӯ тариқи ВАО изҳор намудааст, ки мо - аъзои ин Кумита ба ивази пора ҷойиза тақдим мекунем ё онро мефрурӯшем, ки туҳмати ошкоро аст ва ман ҳамчун вакили мардумӣ ба КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ҷиҳати чора андешидан нисбати Ҳ,Қурбонова муроҷиат мекунам», - гуфт Н.Қосим.
Ба қавли шоир, ӯ рӯзҳои наздик ҳуқуқшинос киро карда, аризаи даъвогиро расман пешниҳод мекунад.
Дар ҳамин ҳол, шоира Ҳадиса Қурбонова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки касеро туҳмат накардааст. «Дар мусоҳиба ман умуман чунин ҳарф нагуфтаам. Гузашта аз ин, худи Низом Қосим дар яке аз мусоҳибаҳои ахираш дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» маро беистеъдод хонд, аммо ман аз болои касе шикоят бурданӣ нестам. Ман ба Худо такя карда бовар дорам, ки адолат тантана мекунад ва он касоне, ки маро туҳмат мекунанд, беҳтараш бигзор асарҳои маро хонанд, ки барои насли оянда навиштаам», - гуфт Ҳ.Қурбонова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста