Тибқи қарордод миёни Тоҷикистону Озарбойҷон, кишварҳо ҳамасола тибқи квотаҳо 5 нафар донишҷӯён аз кишварҳоро ба таҳсил фаро мегиранд.
Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тибқи созишномаҳои баимзораисда моҳи октябри соли равон, Тоҷикистон ба ҷудо кардани 5 квота ба шаҳрвандони Озарбойҷон барои давраи пурраи таҳсил дар зинаи аввали маълумоти олӣ, яъне бакалавриат уҳдадор аст.
«Дар курсҳои магистратура Тоҷикистон ба Озарбойҷон ду квота ва дарёфти увони илмии сатҳи номзади илм (Dосtог оf Рhilоsорhу) 1 ҷой ҷудо мекунад. Озарбойҷон низ ба иҷрои чунин шартҳо уҳдадор аст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин мувофиқи қарордодҳо, Тоҷикистону Озарбойҷон таҳсили ройгони донишҷӯёни тибқи квотаҳои дуҷониба ба таҳсил фарогирифташуда бар асоси қонунгузории миллии амалкунанда, истифодаи ройгон аз китобхонаи муассисаи таълимӣ ва шароити иқомат дар хобгоҳ бидуни пардохти маблағро таъмин мекунанд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби буҷети кишварҳои хориҷӣ (тибқи квота) донишҷӯёни тоҷик асосан дар муассисаҳои таълимии Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Чин таҳсил дошта, Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳудуди 300 квота ҷудо мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста