Ба беш аз 1000 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба дастгирӣ ниёз доштанд, аз номи ректорат ба ҳар кадоме ба маблағи 500 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ДДХ, бо ин мақсад дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз фондҳои муассиса таълимӣ 545,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
«Ин миқдор маблағ ба 658 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда, 366 нафар муҳассилини аз падар ва ё модар маҳрумгашта, 35 нафар дониҷӯёни маъюб ва 32 нафар ятими кулл, ки дар маҷмуъ 1091 нафар мебошанд,тақсим карда шуд», - омадааст дар маълумоти донишгоҳ.
Қобили зикр аст, ки соли равон ин ҳафтумин кӯмаки Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни камбизоат буда, қаблан дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба ин табақа зиёда аз 179 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз хазинаи донишгоҳ ихтисос гардида буд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин муассисаҳои олиии мамлакат маҳсуб ёфта, алҳол дар он беш аз 15 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд ва дар ин боргоҳи илм наздик 1000 нафар устодон дарс мегӯянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста