Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода то санаи 15 декабр корҳои омодагӣ ва ороишии арчаи солинавӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ба итмом расонда шуда, барои сокинону меҳмонони маркази вилоят барномаҳои фарҳангӣ пешкаш карда мешаванд.
Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ байни 7 муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус доир мегардад. Тибқи Низомнома ҳар як аз ин муассисаҳо бояд барномаи ҷолиби силинавии фарҳангӣ омода намуда, манзури ҳаводорон ва ҳакамон намоянд. Баъдан аз санаи 24 декабр бошад ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарӣ, санъаткорони шинохтаи шаҳру вилоят дар назди тамошобинон пешбинӣ гардидааст.
Гала-консерти солинавии ниҳоӣ ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун-фестивал бошад шоми санаи 31 декабр дар пояи арчаи солинавии майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор мегардад. Лозим ба ёдоварист,ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз санаи 15 декабр дар назди тамоми корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликият арчаи солинавӣ гузошта оро дода мешавад.
Арчаи марказии солинавии имсола 20 метр баландӣ дошта, бо усули хосаи муосир оро дода хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста