Имрӯз дар маркази Исмоилия таҳти унвони «Иттифоқи Ҳунармандон, ҳамчун манбаъ барои ҳунармандони тоҷик” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои дастколои ҳунармандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, мақсади умумии гузаронидани мизи мудаввар, ки аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокимаи ҳолати ҳозираи соҳа ва роҳҳои беҳтар гардонидани он мебошад. Муҳокимаи ин масъала гирди худ ҳунармандон ва дигар ашхосони шавқмандро бо мақсади дастгирии ҳамоҳангӣ дар ин соҳа ва муҳокимаи нақши ташкилотҳои миёнарав дар рушд ва пешбурди ҳунармандии тоҷик ҷамъ овард.
Менеҷери лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат» Марко Алфиери аз ташкилоти итолиёвии Чезви бо ҳисоботи худ оиди равиши соли якуми лоиҳа баромад намуд. Ғайр аз он, дар мизи мудаввар роҳбари иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Ғуломов Ҳусейн сухан намуда, оиди масъалаҳои муҳими ҳамкории ҳунармандон бо ташкилотҳо дар мисоли Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон маълумот дод. Роҳбари иҷроияи Ассотсиатсиаи миллии соҳибкории хурд ва миенаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насибахон Аминова маърӯзаи худро оиди иҷрокунии яке аз қисмҳои лоиҳа, ки мақсади он рушди тарҳи қонун оиди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҳисобот дод.
Умед Шарипов, роҳбари Ассотсиятсияи Туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон, ва Тахмина Каримова аз Ассотсиатсияи миллии занонии соҳибкори Тоҷикистон муҳокимаро анҷом дода, ҷиҳатҳои арзишнокро аз нигоҳи ду ташкилоти ҳамкори дар соҳаҳои марбутбуда, баён намуданд.
Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст, гузаронида шуд. Лоиҳа дар давоми ду сол мақсади кӯмак расонидан ба рушди соҳаи ҳунармандии тоҷик, таҳти таваҷҷӯҳи хоса ба интегратсияи минтақавии соҳаи ҳунармандиро дорад. Ин мақсад бо баланд бардоштани иқтидори корбарии Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, ташкилоти асосии миёнарави ҳунармандӣ дар мамлакат амалӣ мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста