Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, ҳаҷми буҷети вилояти Хатлон дар соли оянда 1 млрд. 149 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли равон 95 млн. сомонӣ ё худ ҳудуди 17% зиёдтар аст.
Тавре аз Раёсати молияи вилоят хабар доданд, аз ҳаҷми умумии буҷети вилоят 570 млн. сомониашро даромадҳои дохилӣ ва зиёд аз 472 млн. сомониро воситаҳои аз буҷети ҷумҳуривӣ ҷудошуда ташкил медиҳанд.
«Нисбат ба соли гузашта соли 2015 воситаҳои ҷудошуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ 20 млн. кам шуд, зеро соли 2015 корхонаи истеҳсоли тиллои «Шугнов» маблағи андозҳояшро ба буҷети ноҳияи Ховалинг ва фурудгоҳи Кӯлоб ба буҷети шаҳри Кӯлоб пардохт мекунанд», - иброз дошт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияҳои Ёвону Данғара ба худмаблағгузорӣ гузашта, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ба буҷети вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа бояд 20 млн. сомонӣ, Ёвон – 29 млн. сомонӣ, Сарбанд – 6 млн. сомонӣ ва Данғара – 7 млн. сомонӣ маблаг пардохт кунанд.
Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2015 ояндаи наздик ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ирсол мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста