Аз шоми дирӯз то субҳи имрӯз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бар асари тумани ғализе, ки фазои шаҳри Душанберо фаро гирифт, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба нуқтаи таъинот раҳсипор карда натавонист.
Тавре аз ФБД хабар доданд, айни замон туман парокандаву аёният хуб ва дар фурсати наздиктарин ба парвози тамоми ҳавопаймоҳо тариқи хатсайрҳо, ки аз шоми дирӯз мутаваққиф шуда буданд, иҷозат дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти лавҳаҳои онлайни хатсайрҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, шоми дирӯз ва субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи Хуҷанд низ чунин вазъ ба амал омада, лекин Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик ҳаво дар ҷумҳурӣ сард мешавад. Рӯзҳои истиороҳат ҳарорати ҳаво аз 4 дараҷа гармӣ болотар намеравад. Рӯзи якшанбе боришот дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста