Рӯзҳои 6-7-уми декабри соли ҷорӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Намоишгоҳи зимистонаи косибон баргузор гардида, рӯзи байнулмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.
Тавре аз Маркази фарҳангии «Бактрия» иттилоъ доданд, чорабинии мазкур ба беҳбуди сатҳи огаҳии қишри васеи аҳолӣ дар бораи дастовардҳое, ки метавон тариқи ҷалби бештари шахсони дорои имконияти маҳдуд ба бахшҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ба он ноил гардид, имкон фароҳам меорад.
Ба иттилои дастандаркорони чорабинӣ, таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии шахсони дорои имконияти маҳдуд бори нахуст дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо Намоишгоҳи ҳамасолаи зимистонаи косибон баргузор мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки намоишгоҳи дурӯза аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Cesvi ва ҳамоҳангсозии муштарак бо маркази «Бактрия» доир гардида, маҳсули ҳунари зиёда з 50 нафар косибони соҳибтаҷриба ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби гурӯҳи иборат аз 21 созмонҳои маҳалливу байнулмилалӣ дастгирӣ ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста