Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раисони навтаъини шаҳру навоҳии вилоятро ба фаъолон муаррифӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Худойназар Амонзода, аз вазифаи раиси шаҳри Қайроққум озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Матлубахон Сатториён аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлол озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққум таъин шуданд.
Ҳамчунин дар натиҷаи тағироти кадрӣ Нӯъмон Обидзода аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом озод карда шуда, ба ҷои ӯ Ғайбулло Боҳиров иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд.
Ба ҷои Сӯҳроб Охунзода, собиқ раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадҷобир Ризоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ба ҷои Мирзоаҳмад Аҳмадзода, собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азизов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин карда шуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ шахсони нав ба вазифа таъиншударо табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста