Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машвари кории мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд, ки дар он дар баробари мушкилоти хоҷагидории пойтахт, ҳамчунин ҷараёни амалисозии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рафти иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва масъалаҳои натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли ҷорӣ ва омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки М.Убайдуллоев ба Раёсати андози шаҳрдорӣ дастур додааст, ки дар ҳамдастӣ бо Раёсати молия ва раиси ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии тамоми намуди андозҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешанд.
Бино ба гуфти манбаъ, раиси пойтахт ҳамчунин ба хадамоти дахлдори шаҳрдорӣ супориш додааст, ки ҷиҳати бартараф кардани пардохти қарз аз музди меҳнат, пеш аз ҳама дар сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» чораҳои таъхирнопазир руйи кор гиранд.
Зимнан зикр гардид, ки ба мақомоти прокуратураи пойтахт дастур дода шудааст, ки оид ба омодагии биноҳои шаҳр ҷиҳати интиқоли оби гарм ба низоми гармидиҳӣ санҷиши ҳамаҷониба барпо кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста