- Созмони байнулмилалии Article 19 аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки қонун «Дар бораи матбуоти давраӣ ва дигар ВАО»-ро мавриди бозбинӣ қарор дода, онро ба меъёрҳои байнулмилалии озодии изҳори андеша мутобиқ намояд, - иттилоъ медиҳад Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ).
Дар гузориши таҳлилии интишоршудаи Article 19 «Тоҷикистон: Қонун дар бораи ВАО» дар ин робита зикр мегардад, ки қонун дар бораи ВАО-и дар Тоҷикистон соли 2013 қабулшуда аз як қатор муқаррароте иборат аст, ки ба меъёрҳои байнулмилалии озодии баён мухолифанд. Танзими расмиёти бақайдгирии ВАО, номгӯи маҳдудиятҳо, ҳуқуқ ба посух ва раддия, дастрасӣ ба маълумоти давлатӣ, ҳимояи маълумоти махфӣ, бақайдгирии журналистон ва ВАО-и хориҷӣ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон аз ҷумлаи чунин муқаррарот унвон шудаанд.
«Таҳлили мазкур дар доираи амалисозии тарҳи минтақавии «Ҳимоят аз озодии баён дар Осиёи Марказӣ» анҷом шуда, ба саҳмугузорӣ дар муколамаи ҷамъиятӣ оид ба қонунгузории Тоҷикистон дар бахши васоити ахбори умум ва мусоидат ба мутобиқат овардани ин қонунгузорӣ ба меъёрҳои байнулмилалии озодии баён нигаронида шудааст», - чунин мешуморад раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев.
Article 19 созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқ мебошад, ки дар ҳамдастӣ бо дигар созмонҳо дар саросари ҷаҳон оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқ ба озодии баён фаъолият мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста