Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд омада, бо корҳои парвариши гулҳои ороишӣ харидории тухмии онҳо ва захира намудани ниҳолҳои сояафкан ошно гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ҳоло тибқи дастури раиси шаҳр аз оғози моҳи декабр парвариши гулҳои орошӣ ва тухмии онҳо дар гармхонаҳои муассисаҳои кабудизоркунӣ ва гулпарварии маркази вилоят шурӯъ гаштааст.
Бо ин мақсад дар муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳр 5 намуди гулҳо аз қабили садбаргҳои гуногунранг, мехчагул, гули бунафша ва ғайра ба миқдори умумии 5 ҳазор дона парвариш карда мешаванд.
Ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд аз гармхонаҳои муассисаи хусусии «Гулафшон» дидан намуда, аз рафти корҳои парвариши гулҳои ин коргоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд. Кормандони муассисаи номбурда 25 намуди гулро ба миқдори умумии 350 ҳазор дона, барои гулпӯш намудани кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят дар фасли баҳори соли оянда омода намуда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақша соли оянда мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1 миллион гулҳои орошии лола ва садбарг ва 10 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонда хоҳад шуд. Барои иҷроиши нақшаи мазкур корхонаю муассисаҳо фаъолони маҳалла низ иштирок хоҳанд кард.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки баъди сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷумҳурии Эрон аз ин кишвар мутахассисони соҳаи гулпарварӣ ва ороишӣ гулҳо даъват шудаанд, ки тайи чанд рӯзи охир бо гулправарони шаҳр ҳамкориро оғоз намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста