Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши шумори мубталоёни бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба мушоҳида мерасад.
Тавре аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории БПНМ (СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, аз оғози сол дар қаламрави вилоят 222 нафар мубталоёни нави бемории СПИД ошкор шуда,миёни онҳо 122 нафарашон мардон ва 100 нафарашон занон мебошанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 150 нафар (83 нафар мардон ва 67 нафар занон) гирифторони нави ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд.
«Дар минтақаи шимоли кишвар аз замони бори нахуст ошкор шудани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001, то 1-уми декабри соли ҷорӣ 1 ҳазору 284 шахсони мубтало ба ВНМО/БПНМ (858 нафар мардон ва 426 нафар занон, аз ҷумла 53 нафар ноболиғон) ба қайд гирифта шуда, давоми ин солҳо аз ин беморӣ 327 нафар ба ҳалокат расидаанд», - гуфтанд дар марказ.
Ба иттилои манбаъ, аз шумори умумии афроди мубтало ба ин беморӣ 566 нафар ё худ 44%-ашонро шахсони синни 30-39-сола ташкил медиҳанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз ин шумор 557 нафар ё худ 43,2% тариқи сӯзандору,652 нафар ё худ 50,7% ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 41 нафар ё худ 3,3% тавассути аз модар ба кӯдак гузаштан ва боз 29 нафар ё худ 2,3% бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста