Анонс

- Дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, намояндагони вазорату идораҳои машғул ба фаъолият дар бахши кишоварзӣ иҷлосияи васеи корӣ оид ба амалисозии ислоҳоти аграрӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-30;

- Дар бинои Агентии омори назди президенти ҶТ, ошёнаи 5-ум оид ба масоили коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон семинар баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

- Дар Куала-Лумпур маросими қуръапартоии мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 барпо мешавад, ки дар он рақибони дастаи «Истиқлол» (Душанбе) маълум хоҳанд шуд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.1150 сомонӣ;

1 евро - 6.3121 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.09 44 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2008 — Тоҷикистон ба узвияти Бонки авруосиёии рушд пазируфта шуд.

2009 — Нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 25-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) дар сатҳи нахуствазирон дар Санкт-Петербург иштирок кард.

1952 – Зодрӯзи коргардон, корманди телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ҳалим Сангинов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.         

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -5-10, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот  

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +1+3.