Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) пешгӯӣ мекунад, ки ахири соли 2014 маблағи ба ватан фиристодаи муҳоҷирони корӣ 436 млрд. доллари ИМА ва дар соли 2015 - 540 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
Таҳлилгарони созмон қайд мекунанд, ки маблағҳои пулии аз ҷониби муҳоҷирон интиқолгардида барои бисёре аз кишварҳо ба сарчашмаи устувори маблағгузории хориҷӣ табдил ёфтаанд.
Коршиносони СБМ ба масъалаи аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор набудани муҳоҷирон аз кишварҳои камбизоат зимни тақсими музди меҳнати моҳонаашон, ки дар хориҷи кишвар ба даст меоваранд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд ва зикр мекунанд, ки онҳо талош меварзанд, ки ҳарчи бештари маблағро ба наздикони худ ба ватан фиристанд, дар ҳоле ки оид ба чӣ гуна маблағҳо зарур будан барои зиндагии худи онҳо дар хориҷи кишвар тасаввуроте надоранд.
Аз ин рӯ, онҳо тариқи ташкили курсҳои омӯзишии махсус оид ба идоракунии захираҳои молиявӣ, кумак ба муҳоҷирони корӣ дар ин масъаларо пешниҳод мекунанд, ки дар ин курсҳо ҳамчунин ба муҳоҷирон маълумоти муфассал додан дар бораи шаклҳои гуногуни аз рӯи нарх бештар дастраси низомҳои интиқоли маблағҳо ва дигар тарзҳои кумак ба наздикон дар ватан низ пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти гуногун, феълан аз аҳолии 8 миллионннафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандон баҳри дарёфти маоши бештар шоистатар муҳоҷират дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд. Аксари кулли онҳо дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста