Анонс

- Маҷлиси навбатии ташкилотҳои сайёҳӣ доир мегардад, ки дар кори он намояндагони ҳудуди 100 ширкатҳои хусусии сайёҳӣ аз саросари кишвар, кормандони ҳукумат ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд;

- Дар Душанбе дар доираи лоиҳаи «Маркази рушди таълимоти журналистӣ» марҳилаи дуюми Мактаби тележурналистика оғоз мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.1914 сомонӣ;

1 евро - 6.4403 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.0902 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1932 – Роҳи мошингарди Душанбе-Ғарм ба истифода дода шуд.

1956 – Гидроагрегати якуми нерӯгоҳи обӣ-барқии Қайроққум «Дӯстии халқҳо» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1997 – Ҳавопаймои ТУ-154-и хатсайри «Хуҷанд-Шарҷа» ба садама дучор гардида, ба ҷуз як штурман, дигар мусофирону ҳайати халабононаш ба ҳалокат расиданд.

2009 — Тоҷикистону Русия дар бораи тартибу шароитҳои таъсис ва фаъолияти филиалҳои макотиби олии Русия дар Тоҷикистон ва макотиби олии Русия дар қаламрави Русия созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расониданд.

2011 — Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Киев миёни Украина ва Тоҷикистон 7 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

1915 – Зодрӯзи нахустин эндокринологи тоҷик, доктори улуми тиббӣ, Табиби шоистаи ҶШС Тоҷикистон Додоҷон Аҳмедов.

1912-1944 – Мавлуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев.

1931-1986 – Зодрӯзи нависанда Шоҳин Боев.

1933 – Мавлуди олими фанни математика, профессор Саидхоҷа Азизов.

1933-1993 – Зодрӯзи нависанда Бобо Насриддинов.

1936 – Мавлуди сароянда Қумрӣ Қодирова.

1937-1969 – Зодрӯзи устоди варзиши ИҶШС Абдулхайр Усмонов.

1949 – Мавлуди профессор Зариф Шарифов.

1953 – Зодрӯзи шоир Иззатбек Идиев.

1955 – Мавлуди журналист Темуршои Файзалӣ.

1957-2001 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос Кароматулло Холиқов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.         

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -5-10, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот  

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +3+5.