Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ва созмони байнулмилалии Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД барои намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор дар доираи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва санитарияи воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» семинарҳои шиносоӣ барпо карданд.
Дастандаркорони чорабинӣ ба журналистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур мусоидат ба истифодаи пурсамари захираҳои табиӣ тавассути мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва риояи меъёрҳои санитарӣ дар истеҳсоли зироати кишоварзӣ аст.
Бино ба гуфти роҳбари лоиҳа Шариф Шарифов, дар лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии замину боғҳо, сохтмони гармхонахо, парвариши чорвои хушзот ва нигоҳубини байтории онҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо раҳёбӣ ба бозор ва ҳамчунин истифодаи оқилонаи захираҳои табиии замин, чарогоҳҳо, поккории шабакаҳои обтаъминкунӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди таъмири мошин ва механизмҳо пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки фарқи лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳои ба ин монанд дар ҷумҳурӣ дар он ифода меёбад, ки Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД бидуни миёнарав ба деҳқон ба муҳлати 30 моҳ то 7 ҳазор доллари ИМА пешниҳод мекунад. «Шарти асосӣ он аст, ки маҳсулоти парваришёфта аз нигоҳи экологӣ тоза буда, нақшаи тиҷорат ба деҳқон фоидаовар бошад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста