Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 55 млн. $ кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 10,1 ҳазор тонна аз 36 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 59,5%, Нидерланд – 19,7 %, Русия – 7,5%, Чин – 5,8%, Дания – 3,6%,Ҷумҳурии Корея – 2,9%, Латвия – 1,9%, Қазоқистон – 1,4%, Олмон – 1,3%, Австрия – 1,1%, Эстония, Швеййтсария ва Ҳиндустон – 0,7%-ӣ, Фаронса – 0,5%, Эрон – 0,4%, АМА, Малайзия ва Испания – 0,3%-ӣ, Булғористон, Туркия, Британияи Кабир ва Белгия – 0,2%-ӣ рост меояд.