Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба пардохти қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл кумак кард.
Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ба гурӯҳи бинокорони тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав 600 ҳазор рубли русӣ қарз аз музди меҳнаташон пардохта шудааст.
«Ҳамчунин бо дахолати намояндагӣ шаҳрванди Тоҷикистон Динмуҳаммад Абдуллоев, ки ба таъмиру манзилҳои шахсӣ дар Маскав машғул буд, 353 ҳазор рубли ҳақмузди корашро дастрас намуда, ба гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик дар ширкати «Сириус» қарзи музди меҳнат ба маблағи 150 ҳазор рублро ҳисоббаробарӣ намуданд», - иброз дошт Аҳмедов.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Хабаровск ба зодаи ноҳияи Ҳисор Орзу Толибов қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл ва дар ҶДММ «Диалог» дар шаҳри Волгоград ба зодагони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 300 ҳазор рубл қарзи музди меҳнат пардохт гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста