Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston &Barbieri» ҷаноби Франческо Феррари- ғолиби озмуни байналхалқии эълоннамудаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудрадчии асосии иҷрои корҳо дар ҷодаи таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»-ро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншоотро аз ҷониби ширкати мазкур баррасӣнамуда, дар ин зимн бо таъкиди зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкат, қарор намуданд, ки корҳои мутазаккира то 31 январи соли 2015 бобати омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба экспертиза супоридани он, ба анҷом расонида шавад.
«Дар идома бар он, ҷаноби Франческо Феррари зикр намуд, ки Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки дар истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии он ширкати «Preston & Barbieri» ҳамчун ғолиби озмуни байналхалқӣ иштирок варзидааст, яке аз боғҳои аз ҳама нигоҳ ҷавобгўи талаботи ҷаҳони муосир буда, дар радифи дигар кишварҳои олам боғи мазкур муаррифгари муваффақи маҳсулоти ин ширкат мебошад», - омдааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, бо инобати он, ки ҳамасола миёни боғҳои аттраксионию фароғатӣ озмунҳои байналхалқӣ сурат мегирад ва ин навбат чунин озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соли 2015 баргузор хоҳад гардид, ҷаноби Франческо Феррари аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш намуд, ки бобати дар ин озмун пешниҳод намудани номзадии Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» розигӣ диҳад, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста