Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи варзишӣ ва истироҳатию фароғатӣ,ки дар назди кӯпруки «Ҷашнӣ» мавҷуд аст, ҷаласаи корӣ гузаронд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар кори ин ҷаласа роҳбарони соҳаи ободонӣ, муҳити зист, варзиш ва сайёҳӣ, заминсозӣ, идораи санитарию эпидемологӣ,сохтмонӣ-меъморӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорони дар ин мавзеъ фаъолият дошта, ширкат намуданд.
Гуфта мешавад, дар мавзеи мазкур чанд ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои варзишӣ ҷойгир шудааст. Ба истиснои варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ ин макон мавсимӣ буда, дар фасли зимистон фаъолияти онҳо қатъ мегардад. Новобаста ба ин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шуд,ки соҳибкорон ва мутасддиёни соҳаи дахлдор, бояд мавзеи вобасташудаи худро обод нигоҳ доранд.
Сардори идораи заминсозӣ, ободнӣ, меъморию шаҳрсозӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва санитарию эпидемологӣ вазифадор гаштанд,ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бо иштироки сокинони маҳалла,варзишгарон ва идораҳои дахлдор барои истифодаи мақсадноки нуқтаҳои хизматрасонӣ, иншоотҳои варзишӣ ва гулгаштҳо чораҳои фаврӣ андешида, ба мӯхлати 5 рӯз камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста