Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои дафьари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, вазъи санитарию экологӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҷараёни ҳамарӯза аз 21 то 31 декабри соли 2014 аз соати 9-00 дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт -90» аз ҳисоби Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Қарияи боло» ва бозорҳои хусусии яклухтфурӯшии дар қаламрави шаҳр фаъолиятдошта баргузории ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввалия, назорати ҳолати зимистонгузаронӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз ва буҷети шаҳр дар соли сипаришаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар иртибот ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ аз ҷониби шаҳрдор ба масъулин дастуру супоришҳо бо муқаррар кардани муҳлати иҷрои босифати онҳо дода шуданд.
Илова бар он, баҳри шаффофияти ҳолати татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз сохтакориҳо дар нишондодҳои омории арзишу ҳаҷми корҳои сохтмонии анҷомгирифта ва ба ин васила паст кардани ҳаҷми пардохтҳои андозӣ, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро муваззаф сохт, ки санадҳои мавҷудаи Комиссияҳои давлатии қабули иншоотро аз ин нигоҳ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Гузашта аз ин, дар ҷаласа ҳолати идоракунию мақсаднок истифодабарии иншооти моликияти коммуналӣ, фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ба риштаи таҳлил кашида шуд.
Вобаста ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директорони корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки тибқи оинномаашон сохтори тиҷоратӣ маҳсуб меёбанд ва пардохти маоши кормандонашон ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳисоби буҷети шаҳр пешбинӣ намегардад, дастур дод, ки дар доираи салоҳият ва масъулияти роҳбарияшон ҷиҳати фаъолияти муназзам ва бо маош таъмин кардани кормандонашон чораҳои зарурӣ андешанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста