Анонс

- Дар Маскав таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД доир мегардад;

- Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» вохӯрии намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон Си.Си. Ю бо намояндагони ВАО баргузор мешавад. Оғоз соати 11-30.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.2596 сомонӣ;

1 евро - 6.4389 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.0 931 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1959 — Дар майдони ҳавоии Сталинобод нахустин ҳавопаймои ИЛ-18 фуруд омад.

2002 – Дар Бишкек ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ оғоз гардид.

2009 — Президенти ҶТ бо намояндагони бахши илму маориф мулоқот кард.

2011 – Ширкати «Тоҷик Эйр» нахустин шуда дар ИДМ ба истифодаи ҳавопаймоҳои тамғаи МА-60 оғоз кард.

1910 — Мавлуди шоири русзабони Тоҷикистон Николай Лесной.

1953 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сироҷев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.          

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -9-14, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -19-24, рӯзона -5-10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд дар назар аст.    

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона +1+3.