Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он аз 1 то 3 баробар афзудани маблағи ҷаримаҳо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудааст.
Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Тӯрахон Самадов, ин пешниҳоди ҳукумати бешубҳа аз ҷониби намояндагони мардумӣ дастгирӣ меёбад, зеро ба ҷорӣ намудани низому тартибот дар роҳҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, ки бар асари садамаҳои нақлиёти рухдода аз ҷониби ронандагони қонуншикан дар онҳо ҳамарӯза шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат мерасанд.
«Тағйироту илова дар ин самт, ки дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон нимаи дуюми имрӯз баррасӣ мешавад, болоравии маблағи ҷаримаҳо аз 20-40 сомонии имрӯза то ба 120-200 сомониро дар назар дорад», - иброз дошт вакил.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста