Аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади кор ба Русия меоянд, дар корхонаву муассисаҳои тобеъ ба шахсони ҳуқуқӣ бо патент кор карда метавонанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар робита ба ин масъала, тағйироту илова дар ин самт танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба қаламрави Русия ворид мешаванд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дахл хоҳад дошт.
«Зимни убури марз муҳоҷири корӣ бояд дар корти муҳоҷират ҳадафи сафар – «кор»-ро зикр карда, дар мудлати 30 рӯз аз замони вуруд дар бораи гирифтани патент ариза пешниҳод намояд, ки дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират ба расмият дароварда мешавад», - таъкид мешавад дар маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират.
Гуфта мешавад, барои дастрас кардани ин ҳуҷҷат муҳоҷирон бояд донистани забони русӣ, огаҳӣ аз таъриху асосҳои қонунгузории ин кишвар, гирифтор набудан ба бемориҳои хатарнокро тасдиқ намуда, полиси суғураи ихтиёрии тибббиро пешниҳод созанд ва андоз аз даромадро пардохт кунанд.
Зимнан таъкид мегардад, ки ҳангоми ба кор гирифтани муҳоҷирони дорои патент аз шаҳсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони хусусӣ гирифтани квота талаб намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста