Дар арафаи соли нави мелодӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд оилаҳои ниёзманд дидан намуда, барои онҳо кӯмаки якнавбатаи маводи озуқа ва барои фарзандони онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд.
Бино ба иттилои дафьар матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр нахуст ба оилаи собиқадори меҳнат маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Абдуманнон Назаров омада, ки бинобар сабаби беморӣ, фарзандаш ӯро нигоҳубин намуда, барои дастгирии моддӣ ниёз дорад. «Дар асоси супориши раиси шаҳр минбаъд А. Назаров зери назорати доимии табибон хоҳад буд», - омадааст дар иттилои шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, маҷрӯҳи гурӯҳи якум Собир Муҳаммадҷонов тайи чандин сол аст,ки нобино буда, дар парастории пайвандонаш аст ва оилаи мазкур дар рӯйхати шахсони ниёзманд буда, сари чанд вақт ба онҳо кӯмаки моддӣ расонда мешавад. «Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми сухбат ин оиларо бо соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки таъмини иҷтимоии ин оила зери назорати доимӣ хоҳад буд», - қайд мешавад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз манзили истиқоматии оилаҳои Умарҷон Болтубоев, Улуқой Маҳмудова, Роҳат Турдибоева боздид намуда, ҳамаи онҳоро аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соли нав табрик ва таъкид намуд, ки парасторӣ ва ғамхорӣ нисбати онҳо ҳамешагӣ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста