Наздики 950 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия 1 млрд. рубл маблағи коркардаашонро аз даст додаанд.
Хабаргузории «Русская служба новостей» бо истинод ба раиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин ба муҳоҷирони машғули кор дар корхонаву муассисаҳои сармоягузорони хориҷӣ, бозорҳо ва сохтмони тобеъи соҳибкорони ғайриқонунӣ дахл дорад.
Бино ба маълумоти Шарипов, танҳо 5%-и шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаву муассисаҳои сохторҳои давлатӣ машғули кор буда, аз он ҷо музди меҳнат мегиранд.
Ба андешаи раиси ҳаракат, дар чунин шароит муҳоҷирати корӣ қобили қабул нест. «Ман мухолифи муҳоҷирони корӣ нестам, онҳо барои Русия заруранд, вале бо чӣ рӯбарӯ шудани онҳоро мо имрӯз мушоҳида дорем. Давлати Русия бояд ба онҳо масъул бошад. Бояд як бастаи муқаррароти ҳифзи иҷтимоии онҳо вуҷуд дошта бошад. Онҳо бояд худро инсон эҳсос намоянд», - таъкид доштааст Шарипов.
Қаблан ӯ ба ин хабаргузорӣ иттилоъ дода буд, ки то аввали бахори соли 2015 ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳри Маскавро тарк мекунанд, ки ин ба афтиши қурби рубл, роҳандози сиёсати нави Русия дар бахши муҳоҷират ва зарурати дастрас кардани патенти махсус аз 1-уми январи соли 2015 марбут аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста