Таҳти раёсати раиси Комисссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Зайниддин Сафаров имрӯз музокироти парлумонӣ доир гардид, ки дар он масоили марбут ба амалисозии барномаи «Мониторинги ҳифзи муҳити зист дар ҶТ барои солҳои 2013-2017» баррасӣ шуд.
Чуноне ки ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парулмон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар баробари вакилон, дар музокирот раҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзида, З.Сафаров зикр кард, ки барои амалисозии барномаи зикршуда ҷудо гардидани ҳудуди 2 млн. 780 ҳазор сомонӣ воситаҳои буҷет ва ҳамчунин бурси созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳаҷми 10 млн. 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар навбати худ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар ин робита қайд карданд, ки дар доираи амалисозии ин барнома каналу селпартоҳо бо масофаи умумии беш аз 9 километр тоза шуда, мутахассисони бахши экология омода гардидаанд ва дар ҷумҳурӣ нахустин ва алҳол ягона маркази такмили ихтисоси кормандони ин соҳа таъсис дода шуд.
Дар баробари ин З.Сафаров барои таваҷчуҳи нокофӣ зимни амалисозии барнома ва ҳамчунин саривақт иҷро нашудани бандҳои нақшаи кори он аз фаъолияти сохторҳои ҳукумат интиқод намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста