Дар ҷараёни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум ҳисоботи раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон шунида шуда, масъалаҳои қабули буҷети вилоят барои соли 2015, номузории иншоот ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, вобаста ба буҷети давлатии вилоят сардори Сарраёсати молияи вилоят баромад намуда, зикр дошт, ки қисми даромади буҷети вилоят барои соли оянда 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ қабул карда шавад, ки ин нисбати буҷети соли 2014 15,8 дарсад зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, дар қисми хароҷоти буҷет асосан ба дастгирии соҳаи иҷтимоии вилоят аҳмияти авалиндараҷа дода шуда, ба ин самт 82 фоизи маблағҳо равон карда хоҳад шуд, аз ҷумла ба соҳаи маориф 595,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 304,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,9 миллион сомонӣ ва ғайра.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста