Дар доираи форуми «Тарбиятгарии зуд», ки аз ҷониби Фонди АвруОсиё Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва палатаи амрикоӣ (АмЧам) созмон дода шуд, дар меҳмонхонаи «Шератон» роҳбарон ва менеҷерҳои ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот ороста, бо онҳо табодули таҷриба намуданд.
Тавре аз Фонди мазкур хабар доданд, ҳадафи аслӣ аз баргузории чорабинӣ таъмини дастрасии ҷавонон ба машварату тавсияҳои тоҷирони соҳибкасбу варзида буда, ин чорабинӣ баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ равона шудааст.
Дар доираи кори форум беш аз 30 нафар донишҷӯёни бахшҳои иқтисодии макотиби олии пойтахт имкон пайдо намуданд, ки бо ҳар кадоме аз тоҷирони муваффақ мустақиман мулоқот карда, ба саволҳои худ посух дарёбанд.
Директори Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (АмЧам) Илҳом Маҳкамбоев дар робита ба кори форум изҳор намуд, ки таҷрибаи андӯхтаи ҷавонон дар чорабинии имрӯза ба онҳо минбаъд дар мустақилона роҳандозӣ намудани тиҷорат мусоидат мекунад. «Мо бар ин назарем, ки рушди Тоҷикистон тавассути рушди бахши хусусӣ имконпазир аст ва мо бояд ҷавононро ба ташабуусу созандагӣ дар ин самт ҳидоят созем», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста