Толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чун солҳои пешин аз 1 январ то 1-уми феврал ба таътил мебароянд. Дар ин бора фармони дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ба имзо расидааст.
Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 1-уми феврал толибилмон ба дарсҳо бармегарданд.
Таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳории хонадагонро Вазорати маориф ва илм ҳанӯз се сол пеш бекор карда буд. Қаблан агар толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз 1 то 12-уми январ истироҳат мекарданд, пас феълан таътил як моҳи пурра давом мекунад.
«Агар соли гузашта толибилмон дар таътили зимистона ба машғулиятҳои иловагӣ ҷалб мешуданд, имсол дигар аз ин таҷриба кор гирифта намешавад. Толибилмон бояд дар хонаашон адабиёти дар рӯйхати Вазорат тавсияшуда барои муассисаҳои таълимиро хонанд», - қайд кард Э.Хушвақтов.
Зимнан зикр гардид, ки давоми таътил омӯзгорон дар давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста