Давоми соли 2014 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон мусоидат кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти муҳоҷирати ҶТ, сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо мавҷуд набудани қарордоди меҳнатӣ бо корфармо аст.
«Дар бисёр ҳолатҳо корфармоён ба муҳоҷирон ваъда медиҳанд, ки охири сол маблағи коркардаи онҳоро медиҳанд, вале бинобар сабабҳои гуногун ваъдаи худро иҷро намекунанд», - таъкид мешавад дар маълумот.
Тибқи маълумоти мақомоти муҳоҷират, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ ҳудуди 785 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, беш аз 532 ҳазор нафар дар ин давра ба ватан баргаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия иттилоъ медиҳад , ки ба санаи 4-уми декабри соли равон беш аз 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста