Дар арафаи соли нави мелодӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар қароргоҳи сарвари давлат, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо гурӯҳи калони шоирону нависандагон, ходимони давлатию ҷамъиятии вилоят мулоқоти гарму самимӣ орост.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст дар ҷараёни сӯҳбат А.Қодирӣ аз талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бонизоми самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ёдовар гашта, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри пиёда намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Раиси вилоят оид ба натиҷаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят дар соли равон ҳарф зада, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба таъмини се ҳадафи асосии худ дар ин давра муваффақ гардид. Дар ин сол хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ мавриди таҷдид қарор дода шуда, зиёда аз 35 ҳазор хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ таъсис дода шуд. Дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки ба хотири таъмини сокинон, махсусан занон бо ҷои кор амалӣ карда шуд, наздик 9 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар доираи соли роҳҳои обод бошад, ҳолати зиёда аз 2800 километр роҳҳо беҳтар карда шуд.
Ҳамзамон соли равон дар асоси дастуру супоришҳои сарвари давлат таҷдиди боғи Камоли Хуҷандӣ оғоз ёфта, айни замон корҳои бинокорӣ дар ин мавзеъ босуръат ҷараён дорад. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси вилоят Муассисаи давлатии «Маркази илмии ба номи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд, ки ин иқдом боиси қаноатмандии шоирону адибон ва аҳли фарҳанги вилоят гардид.
Дар идомаи сухан раиси вилоят зикр намуд, ки соли 2015 дар қаламрави вилоят соли рушди фарҳанг қабул гардидааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин замина дар нақша дорад, ки давоми соли оянда бунёд ва таъмиру азнавсозии як қатор қасрҳои фарҳанги шаҳру навоҳии вилоятро ба анҷом расонида, баҳри ташвиқу тарғиби фарҳанги волои ниёгон дар қаламрави вилоят як қатор чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ баргузор намояд, ки аз ҷумлаи онҳо таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад айни замон дар вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ оғоз ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки соли равон 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят китобҳои шоира – «Ҳама гул, ҳама тарона» ва «Девон» ба табъ расидааст, ки раиси вилоят ба аҳли толор китобҳои тозанашрро тақдим намуд.
Сипас аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ мулоҳизаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри фардои дурахшони илму фарҳанги миллат нигаронида шуда, ин сиёсат дар вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста