Шумори донишҷӯёни тоҷик, ки соли равон тибқи квотаҳои давлатӣ ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд, 3 ҳазору 685 нафарро ташкил медиҳад.
Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта соли ҷорӣ шумори донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта 1 ҳазор (соли гузашта – 2 ҳазору 354 нафар) нафар афзудааст.
«Барои хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ имсол Русия – 782, Чин – 277, Эрон – 250, Белорус – 108, Қазоқистон – 100, Қирғизистон – 50, Малайзия – 40, Украина – 20 ва Туркманистон – 10 адад квотаҳо барои таҳсил дар макотиби олии ин кишварҳо ҷудо карданд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар навбти худ Тоҷикистон дар соли хониши имсола барои донишҷӯёни хориҷӣ 265 квота ҷудо намуда, 120 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар ин хусус ариза доданд. «Имсол донишҷӯёни хориҷӣ бори нахуст тариқи квота натанҳо ба мактбаҳои олии пойтахт, балки шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ дохил шуданд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста