Имрӯз ҳамаи 28 нафар намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, аз сатҳи донистани забони давлатӣ аз санҷиш мегузаранд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл номзадҳои пешбаришуда тибқи рӯйхатҳои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон санҷишро муваффақона супурданд.
Зимнан зикр гардид, ки санҷиши довталабон ба курсиҳои палатаи поёнии парлумонро намояндагони КМИР ва олимони соҳаи забоншиносӣ баргузор намуданд. «Пагоҳ номзадҳои Ҳизби коммунист чунин санҷиш месупоранд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори нахуст сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ уҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.
Санҷиши донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ танҳо тариқи суҳбат сурат мегирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста