Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки рӯзномаҳо бояд самти корашонро бозбинӣ кунанд.
Раиси вилоят зимни нишасти матбуотӣ ки 9-уми январ дир гардид, изҳор намуд, ки рӯзномаҳо бояд коре кунанд, ки хонандагонашон дар назди дӯконҳои фурӯши рӯзномаҳо навбат гирифта, рӯзномааашонро бихаранд ва ба умеди обунаи маҷбурӣ нашаванд.
«Имрӯз хоҳишмандони обуна ба ВАО-и чопӣ коҳиш ёфтааст, зеро мардум дигар аз воситаи ахбори электронӣ васеъ истифода мекунаду хабари лозимиашро тариқи телефонии мобилиаш мегирад ва дигар эҳтиёҷ ба хондани газет надорад. Аз ҷумла ҷавонон. Имрӯз нафарони солманд бештар газет мехонанд ва кӯшиш бояд кард, ки шумори ҷавонони газетхонро боло бурд. Дигар намешавад мардумро маҷбур кард, ки обуна шаванд. Бори дигар мегӯям, ки роҳбарони расонаҳои чопӣ бояд сари ин масъала андеша кунанд»- гуфт Гулмаҳмадзода.
Қобили зикр аст, ки ин гуфтаҳои раиси вилоят як навъ ишорае ба расонаҳои ҳукуматӣ буд, ки бештар аз ҳисоби обунаи маҷбурӣ фаъолият менамоянд ва қариб, ки дар фурӯши озод дида намешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста