Давоми соли гузашта аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» беш аз 180 тонна маҳсулоти нафтии пастсифат аз муомилот гирифта шуд.
Зимни нишасти хабарӣ директори Агентӣ Бахтиёр Шукурзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар баъзе нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ далелҳои фурӯши бензини пастсифат чун бензини тамғаҳои баландтар ба мушоҳида расиданд ва ғайр аз ин, дар баъзе нуқтаҳои фурӯш ҳаҷми зарурии бензини маблағаш пардохтшударо пурра намерезанд.
Роҳбари Агентӣ қайд кард, ки барои фурӯши маҳсулоти нафтии пастсифат, истифодаи дастгоҳҳои ченкунии муҳлати истифодааш гузашта ва ҳамчунин фиреби истеъмолгарон як қатор ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҷарима шудаанд.
«Ба сафи ширкату корхонаҳои ҷаримашуда аз ҷумла ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон» ва ҶДММ «Абдурашид», ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Мега газ», «Зет газ», «Стат нефт», «Ором», «Тоҷ ойл», «Гузар» ва чандеи дигар шомиланд», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста