Роҳбари Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ Маҳмадтоир Зокиров аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи инъикоси якҷонибаи масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ бо Қирғизистон худдорӣ варзанд.
Номбурда қайд кард, ки зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ оид ба даст кашидан аз чунин таҷриба тавофуқ ҳосил шуда буд.
«Ман аз Шумо дархост мекунам, ки аз пешниҳоди якҷонибаи мавод доир ба ин масъала худдорӣ кунед, вагарна ин маънои онро дорад, ки мо супориши сарвари давлатро нодида мегирем», - гуфт Зокиров зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Ӯ таъкид дошт, ки гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ аз соли 2002 идома дошта, айни замон беш аз 500 километри марз аломатгузорӣ шудааст, ки 51% аз масофаи умумии марз миёни кишварҳоро ташкил медиҳад. «Рӯзҳои наздик гуфтушунидҳо идома ёфта, вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб дар назар аст, ки аз ҷумла нақшаи кор барои соли 2015-ро муайян мекунанд», - иброз дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста