Соли 2014 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 490 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба миқдори 82,1 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 13-уми январ изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатии шаҳр ба 153 адад расид (соли 2013 – 107 чунин корхона). «Дар ин давра корхонаҳои ҶС «Лаъл», ҶДММ «Некон», Раёсати сохтмони №1 ва ҶДММ «Ворис» фаъолият накарданд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли раиси шаҳр, баҳри таҷдиди технология ва азнавсозии таҷҳизоти корхонаҳои саноатии тозатаъсис беш аз 44 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ масраф гардида, дар онҳо зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
Раиси маркази маъмурии минтақаи шимоли кишвар ҳамчунин зикр кард, ки соли 2014 музди меҳнати кормандони ташкилоту корхонаҳо ба ҳисоби миёна 974 сомониро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста