Соли гузашта кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 102 нафар соҳибкоронро дар маҷмӯъ ба маблағи 33 ҳазору 760 сомонӣ ҷарима карданд.
Мудири шуъбаи «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Сафаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аксари соҳибкорони ҷаримашуда гирифтани сертификат барои фаъолият ва иҷрои ин ё он дастуру таъинот оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда зимни санҷишро сарфи назар намудаанд. «Баъзан маблағи ҷарима аз дастрас кардани сертификат чандин мартиба зиёдтар аст ва гузашта аз ин, баъди ҷарима низ мебояд сетификат гирифт», - иброз дошт вай.
Сафаров қайд кард, ки давоми сол дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ 17,5 тонна намаки ошии йодношуда мусодира ва ба коркарди минбаъда фиристода шудааст. «Ҳамчунин 227 кило биринҷ, 124 кило макарон, 193 кило маснӯоти қаннодӣ ва дигар маҳсулоте, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуданд, аз фурӯш гирифта шуданд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста