Санаи 14 январи соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштаракӣ 7 лоиҳаи навин дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 7 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:
1) «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №11 дар деҳаи «Хироб»-и ҷамоати деҳоти «Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон», ки бо ҷ-би Фотеҳ АМИНЗОДА, раиси ноҳияи Балҷувон ба маблағи 98,222 доллари ИМА ба имзо расид.
2) «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №8 дар деҳаи «Сомонобод»-и ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар», ки бо ҷ-би Ҷаббори ҒАФФОР, раиси ноҳияи Бохтар ба маблағи 101,245 доллари ИМА ба имзо расид.
3) «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба шаш деҳоти ҷамоати «Лоҳутӣ», ноҳияи Ховалинг», ки бо ҷ-би Нурулло МИРЗОЕВ, раиси ноҳияи Ховалинг бо маблағи 99,468 доллари ИМА ба имзо расид.
4) «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба деҳаи «Дархон»-и ҷамоати деҳоти «И.Сомонӣ»-и ноҳияи Ғончӣ», ки бо ҷ-би Зуфар ИСМОИЛЗОДА, раиси ноҳияи Ғончӣ бо маблағи умумии 98,461 доллари ИМА тасвиб гардид.
5) «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе», ки бо ҷ-би Хушвахт ШАРИПОВ, Директори Маркази саломати №10-и шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 99,882 доллари ИМА ба тасвиб расид.
6) «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №25 деҳаи «Зорон»-и ҷамоати деҳоти «Муҷиҳарф»-и ноҳияи Нуробод», ки бо ҷ-би Саидамир СИЁМАРДЗОДА, раиси ноҳияи Нуробод ба маблағи 98,151 доллари ИМА ба имзо расид.
7) «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №15 деҳаи «Сабзазор»-и ҷамоати деҳоти «Лангаришоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод», ки бо ҷ-би Ҳусейн АЛИЗОДА, раиси ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи 99,391 доллари ИМА ба имзо расид.
Гуфта мешавад, дар маросими ба тасвиб расонидани лоиҳаҳои мазкур, ҷаноби Камада қайд намуд, ки лоиҳаҳои барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон тавонистанд ба таври назаррас ҳаёти мардумро тавассути рушди соҳаи маориф, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, чӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва чӣ дар маҳалҳои сераҳолӣ, тағйир диҳанд. “Инчунин, лоиҳаҳои мазкур барои вусъат бахшидани равобити дуҷонибае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон созмон додаанд, нақши муҳимро бозӣ мекунанд,”- афзуд ҷ-би Камада.
Дар назар аст, ки баъди ба имзо расидани созишномаҳо, амалӣ гаштани лоиҳаҳои мазкур аз ҳамин моҳ оғоз гардида ба ҳаёти моддии баҳрабарандагони лоиҳа таъсири мусбат хоҳанд расонид. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳо амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 337 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста