Дирӯз, 14-уми январи соли 2015 баъди зуҳр тақрибан соати 15:30 Хайриннисо Ҳимматзода, ҳамсар ва муниси марҳум устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз марази гурда вафот карда, имрӯз соати 13:00 ҷанозаи ӯ дар масҷиди рӯбарӯи хонаи устод Саид Абдулллоҳи Нурӣ дар Душанбе баргузор мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Хайриннисо Ҳимматзода 1-июли соли 1958 дар оилаи рӯҳонии маъруф, марҳум Эшони Тоҷиддин ба дунё омада, соҳиби 7 фарзанд аст.
Гуфта мешавад, марҳум Хайриннисо баъди издивоҷ, ҳамчун ҳамсари мушфиқ ва шарики ғамхор дар ҳама хушиҳо ва сахтиҳои зиндагӣ бо марҳум устод Ҳимматзода будааст. Дар замони Шуравӣ ӯ ба донишомузоне, ки дар хонаи устод Ҳимматзода дарси динӣ мегирифтанд, хидматҳои зиёде кардааст. Ҳамчунин, ӯ устод Ҳимматзодаро дар тӯли бемории 6-солае, ки дар натиҷаи он аз ин дунё риҳлат кард, ҳамчун ҳамсари дилсӯз ва ғамхор хидмат кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста