Анонс

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти фаъолият дар соли 2014:

- Соати 10-00 дар Вазорати кишоварзии ҶТ;

- Соати 11-00 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон;

- Соати 14-00 – дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ).

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.3321 сомонӣ;

1 евро - 6.2572 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.0807 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1941 — Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.

1943 — Анҷоми сохтмони Пентагон – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).

1962 — Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.

2001 — Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро ба имзо расонид.

2002 — Дар шаҳри Душанбе бинои сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

2007 — Дар шаҳри Пекин миёни Тоҷикистону Ҷин 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

1962 — Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд (борон, барф), туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва субҳгоҳон боришоти начандон зиёд (борон, барф) ва баъзан фаромадани туман дар назар аст.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +1+3.