- Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият бо таҳлилҳои амиқу бозгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд, аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, - гуфта мешавад дар посухи шаҳрдории пойтахт дар робита ба изҳороти раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов.
Дар посух зикр мегардад, ки шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад ва «оне, ки раиси Кумитаи телевизион ва радио афзудааст: «беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард», хандаовар аст».
«Аҳли ҷомеа огаҳанд, ки тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур аз 23 июли соли 2012 Кумитаи телевизион ва радио ва Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон уҳдадор карда шуданд, ки «ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизион оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад. То имрӯз эътирозҳои Кумита оид ба ин масъаларо зинаҳои дигари судӣ дастгирӣ накарданд ва Кумита то ҳол қарори судро иҷро накарда, узр напурсидааст», - омадааст дар посухи мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Ёдрас мекунем, ки чад рӯз қабл раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмон дар робита ба пахши барномаҳо дар телевизион оид ба мушкилоти роҳҳои мошингард дар пойтахт изҳор намуда буд, ки ин далели бадномкунии фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ ва раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев набуда, ҳадаф танҳо ишора крадан ба камбудиҳо дар пойтахти кишвар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста