- Соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 862 тобут («Груз-200») бо ҷасадҳои тоҷикистониён оварда шуд, ки дар муқоиса бо соли 2013 (1 ҳазору 6 тобут) 14% камтар аст, - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода.
Бино ба маълумоти вазир, ин шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун, аз қабили кушта шудан, ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи вазир, тибқи маълумот оид ба вуруд ва хурӯҷи шаҳрвандон тариқи марзи давлатӣ, соли гузшта 834 ҳазору 58 нафар ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар кардаанд, ки 670 ҳазору 806 нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд (564 ҳазору 390 нафар мардон ва 106 ҳазору 416 нафар занон).
«Русияро – 660 ҳазору 947 нафар, Қазоқистонро – 7 ҳазору 429 нафар, Қирғизистонро – 1 ҳазору 301 нафар ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздикро ҳудуди 1 ҳазору 800 нафар макони муҳоҷират ихтиёр кардаанд», - гуфт Сумангул Тағойзода.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра 606 ҳазору 527 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, ки 453 ҳазору 985 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. «Соли гузашта барои қонуншиканиҳои гуногун 1 ҳазору 794 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста