- Дар муқоиса бо соли пешин соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғони шаҳри Душанбе коҳиш ёфт, вале сарфи назар аз ин, ин мушкилот то ҳол боиси нигаронии мақомоти шаҳрдории пойтахт аст, - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров.
Ба гуфтаи ӯ, далели соли гузашта рух додани 4 ҳодисаи кордзанӣ миёни толибилмони мактабҳо, ки бар асари он 1 нафари онҳо ҳалок шуд, боиси ташвиш мебошад. «Раёсати маорифи пойтахт дар ҳамдастӣ бо мақомоти прокуратура дар робита ба ин масъала миёни хонандагони мактабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад», - иброз дошт ӯ.
Бино ба иттилои Фақеров, соли гузашта барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият, директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз вазифааш барканор карда шудааст.
«Масалан, директори мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур барои ба як хонанда аз вилояти Хатлон додани маълумотнома дар бораи таҳсил дар ин мактаб аз мансаб сабукдӯш гардид», - қайд кард сардори Раёсати маорифи пойтахт.
Ахири моҳи августи соли гузашта Суди ноҳияи Синои пойтахт айбдоркунандаи асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарифов, хонандаи мактаби №66-и пойтахт, Бобоҷон Ҳомидовро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард .
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба кордзанӣ табдил ёфта, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, ба ҳабс гирифта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста